Идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Афғонистон гуфт: Амрико қасди хуруҷи низомиёни худ аз он кишварро надорад.
Залмӣ Халилзод дар дидор бо Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон афзуд: Ҳадафи Амрико ёфтани роҳи хуруҷи низомиёни худ аз Афғонистон нест, балки талош мекунад, пас аз барқарории сулҳ бо давлати Кобул дар бораи густариши равобит гуфтугӯ кунад.
Изҳороти ин дипломати афғонтабор ва амрикоӣ дар ҳолест, ки Доналд Трамп пештар гуфта буд, Амрико қасд дорад, ҳафт ҳазор нафар аз низомиёни худро аз Афғонистон хориҷ кунад.
Амрико пас аз гузашти 18сол аз юриш ба Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм собит кардааст, қодир ба таъмини амният ва барқарории субот дар ин кишвар нест ва рӯз ба рӯз ноамнӣ ва куштори ғайринизомиён афзоиш меёбад.