Таъкиди Созмони Милал бар кумаки молӣ ба мусулмонони Руҳингиё
(last modified Tue, 19 Feb 2019 10:24:15 GMT )
Феврал 19, 2019 15:24 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Созмони Милал бар кумаки молӣ ба мусулмонони Руҳингиё

Созмони Милали Муттаҳид таъмини кумаки молӣ барои мусулмонони Руҳингиё дар Бангладешро хостор шуд.

Ин созмон дар гузорише эълом кард, барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба беш аз 900 ҳазор мусулмони руҳингиёии мустақар дар урдугоҳҳои марзи Бангладеш бо Миёнмор ба як миллиард доллар кумаки молӣ ниёз аст.

Ин созмон дар гузорише рафтори Миёнмор дар қиболи мусулмононро ҷиноят алайҳи башарият хонд ва муҳокимаи фармондеҳони артиши Миёнморро ба иттиҳоми наслкушии мусулмонони Руҳингиё хостор шуд. Аммо давлати Миёнмор бо радди ин гузориш аз иқдом ва амалкарди фармондеҳони артиши ин кишвар дар куштори мусулмонони Руҳингиё ҳимоят кард.

Агарчӣ абъоди ҷиноят зидди мусулмонони Руҳингиё коҳиш ёфта, аммо гузоришҳои мунташиршуда аз идомаи озор, азият ва куштори онон ҳикоят дорад. Даври ҷадиди ҳамалот зидди мусулмонони Руҳингиё аз соли 2012 оғоз шуд ва дар соли 2017 беш аз 750 ҳазор нафар аз мусулмонони Руҳингиё бар асари саркӯби шадиди артиш ва буддоиёни ифротӣ ба Бангладеш гурехтанд, ки дар бадтарин шароити зистӣ дар урдугоҳҳо зиндагӣ мекунанд. Ин вазъият аз ин ҷиҳат бештар нигаронкунанда аст, ки ҳудуди 400 ҳазор нафар аз ононро кӯдакон ташкил медиҳанд, ки ба тағзияи муносиб ва умури беҳдоштӣ ва пизишкӣ ниёзманданд.

Сумбул Разавӣ, ҳамоҳангкунандаи аршади умури инсонии мусулмонони Руҳингиё дар Созмони Милал дар ин бора, ки сайти хабарии «Ҳамшаҳрӣ онлайн» мунташир кардааст, муътақид аст: «Вуқӯи як буҳрони инсонӣ барои паноҳҷӯёни мусулмони Руҳингиё дар Бангладеш ба шиддат ҳушдоромез аст ва ин дар ҳоле аст, ки Созмони Милал манобеи молӣ ва инсонии кофӣ барои муқобила бо чунин буҳронеро дар ихтиёр надорад».

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ гузоришҳои зиёде аст, ки Созмони Милал ва маҳофили ғарбӣ дар мавриди вазъияти мусулмонони Руҳингиё мунташир карда ва дар мавриди вазъияти онон ибрози нигаронӣ кардаанд. Аммо дар амал на танҳо ин гузоришҳо таъсире дар беҳбуди вазъияти мусулмонони Руҳингиё надоштааст, балки давлати Миёнмор ҳозир ба бозгашти онон ба хонаву кошонаашон нест.

Бар асоси тавофуқҳои суратгирифта миёни давлатҳои Бангладеш ва Миёнмор қарор буд ба шакли марҳилаӣ оворагони мусулмони Руҳингиё ба маҳалли зиндагии худ дар иёлати Рохини Миёнмор бозгарданд, ки то кунун иқдоме барои иҷрои ин тавофуқҳо анҷом нагирифта ва бо вуҷуди эътирозҳои давлати Дакка ,мусулмонони овораи Руҳингиё дар билотаклифӣ ба сар мебаранд.

Созмони Милал ба таври расмӣ артиши Миёнморро бадтарин артиши ҷаҳон хонда ва дар гузориши худ таъкид кардааст, ки низомиёни Миёнмор барои куштан ва ё берун рондани мусулмонони Руҳингиё аз иёлати Рохин аз равишҳо ва абзорҳои мухталифе ҳамчун шиканҷа, қатл, куштори дастаҷамъӣ, таҷовуз ва бардагии ҷинсӣ истифода мекунанд.

Дар ин шароит идомаи сукути муддаиёни дифоъ аз ҳуқуқи башар дар баробари ин ҷиноёт саволбарангез аст. Дар ин ҳол давлати Бангладеш борҳо аз Чин ва Ҳиндустон низ хостааст, бо истифода аз нуфузи худ бар давлати Миёнмор, монеъ аз идомаи куштор ва овора шудани мусулмонони Руҳингиё шаванд. Дархосте, ки ҳамчунон бидуни посух монда ва низомиён ва буддоиёни ифротӣ дар Миёнморро барои идомаи наслкушии мусулмонони Руҳингиё густохтар кардааст.

Андрей Гилмур, муовини дабири комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал бо интиқоди шадид аз амалкарди артиши Миёнмор гуфт: «Аз як сӯ давлати ин кишвар ба ҷаҳониён мегӯяд, омода аст то мусулмонони паноҳҷӯи Руҳингиёро аз Бангладеш ба Миёнмор бозгардонад, аммо аз тарафи дигар нерӯҳои амниятӣ онҳоро ба идомаи ихроҷ аз кишвар маҷбур мекунанд. Дар ин поксозии қавмӣ артиш нақши марказӣ ва давлат нақши таҳриккунанда дорад».

Дар ҳар ҳол, мусулмонони Руҳингиё интизор доранд Созмони Милал бо истифода аз аҳромҳои худ ҳамчун Шӯрои амнияти Созмони Милал ба таври ҷиддӣ барои ҳалли мушкилоти онон вуруд кунад ва монеъ аз идомаи вазъияте шавад, ки маҳофили байналмилалӣ аз он ба унвони наслкушӣ ёд мекунанд.