Феврал 24, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Би Би Си: ДИИШ 13 ҳазор нерӯи аврупоӣ дошт

Тибқи омори як маркази мутолеотӣ дар Англия, аз замони ташкили ДИИШ то 2018 ҳудуди 13 ҳазор аврупоӣ барои пайвастан ба ин гурӯҳи террористӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.

Аз замони ташкили ДИИШ, илова бар кишварҳои ҳамсояи Сурия ва Ироқ, ҳазорон нерӯи хориҷӣ низ аз кишварҳои аврупоӣ ба маркази хилофати ин гурӯҳ гусел шуданд, то барои ДИИШ биҷанганд.

Ба навиштаи Би Би Си, Созмони милал эълом карда, ба таври куллӣ беш аз 40 ҳзор нерӯи хориҷӣ аз 110 кишвар барои ҳузур дар ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.

Нерӯҳои хориҷии ДИИШ 32809 мард, 4761 зан ва 4640 кӯдакро шомил мешудааст.

Аз ин миён 7252 нафар аз Аврупои шарқӣ ва 5904 нафар аз Аврупои ғарбӣ ба ДИИШ пайвастанд.