Феврал 27, 2019 16:48 Asia/Dushanbe
  • Нетаняҳу аз нигаронӣ сафар ба Маскавро нотамом гузошт

Эҳтимоли судури ҳукм алайҳи нахуствазири режими саҳюнистӣ ба иллати парвандаҳои фасоди ӯ муҷиб шуд, Нетаняҳу сафарашро ба Маскав нимакора раҳо кунад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки дар сафари расмӣ озими Маскав шудааст, то бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор кунад, ин сафарро кӯтоҳ хоҳад кард ва чаҳоршанбе ба Фаластини ишғолӣ боз хоҳад гашт.

Таърихи бозгашти ӯ қаблан панҷшанбе таъин шуда буд.  

Рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретс далели ин мавзуъро тасмими Авичай Манделблит, додситони кулли режими саҳюнистӣ барои интишори ҳукми худ дар хусуси эъломи ҷурм алайҳи Нетаняҳу зикр кардааст.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дорои чаҳор парвандаи фасоди молӣ таҳт унвони парвандаи 1000, 2000, 3000 ва 4000 аст ва дар моҳҳои гузашта дар бораи ин парвандаҳо бозҷуӣ шудааст.

Интизор меравад, додситони кулли режими саҳюнистӣ расман Нетаняҳуро дар парвандаи мавсум ба 4000 муттаҳам кунад.

 

Барчасп