Март 03, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 350 узви Толибон дар Афғонистон

Вазорати дифои Афғонистон аз кушта шудани 350 узви Толибон дар манотиқи мухталифи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифои Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, ин идда аз Толибон ҳамроҳи 12 фармондеҳи онҳо тайи ҳафтаи гузашта дар манотиқи мухталифи ин кишвар кушта шудаанд. Бар асоси баёнияи рӯзи якшанбеи Вазорати дифои Афғонистон, Мулло Шафиқ, Мулло Занҷир, Мулло Нураҳмад, машҳур ба Холид, Абдуллоҳ, Зоҳидуллоҳ, Юсуф, Бадруддин, Мулло Файзуллоҳ, Мавлавӣ Неъматуллоҳ, Мавлавӣ Маҳдӣ, Мулло Нурулҳақ ва Мулло Темур аз ҷумлаи фармондеҳони ин гурӯҳ ҳастанд, ки дар вилоёти Ҳилманд, Сарипул, Ғазнӣ, Нангарҳор, Балх, Қандаҳор ва Урузгон кушта шудаанд.

Ин баёния ба шумори талфоти нерӯҳои давлати Афғонистон дар ин ҳамалот ишорае накардааст.