Март 11, 2019 12:20 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи парвози ҳавопаймоҳои

Ширкатҳои ҳавопаймоии Чин парвози ҳавопаймоҳои "Боинг 737" ( Boeing 737 MAX)-ро мутаваққиф карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ба думболи суқути ҳавопаймои "Боинг 737" дар Индонезия ва Эфиопия дар шашмоҳи гузашта, ширкатҳои ҳавопаймоии Чин, парвози ин навъ ҳавопайморо ба ҳолати таълиқ даровард.

Ин тасмим пас аз он иттихоз шуд, ки 8 шаҳрванди чинӣ дар миёни ҳудуди 150 мусофири ҳавопаймои Эфиопия буданд, ки рӯзи якшанбе ба далоили номаълум суқут кард.

Ин ҳавопаймо аз Аддис-Абаба озими Найроби буд.

Дар моҳи октябри гузашта низ як ҳавопаймои "Боинг 737" дар Индонезия ба далели нақси фаннӣ, дақоиқе пас аз парвоз суқут кард.