Март 29, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Давлати Трамп Фейсбукро ба додгоҳ кашонд

Давлати Амрико бо тарҳи шикояте аз Фейсбук(Facebook), ин шабакаи иҷтимоиро муттаҳам ба нақзи ҳаққи баробарии манзил кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтрез, вазорати манзили давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба таври расмӣ бо тарҳи шикояте аз Фейсбук дар додгоҳ, ин шабакаи иҷтимоиро муттаҳам карда, ки дар таблиғоти худ, қонуни баробарии ҳаққи манзилро зери по гузоштааст.

Дар ин шикоят иддао шуда, ки Фейсбук дар мавриди корбарони худ бар асоси нажод, ҷинсият ва маълулияти ҷисмии онҳо табъиз раво доштааст.

Ben Carson, вазири манзили Амрико гуфтааст, асноди рафтори табъизомези Фейсбукро ба додгоҳ ироа додааст.

Ин нахустин бор нест, ки ихтилофот миёни давлати Трамп ва Фейсбук намоён мешавад.

Камтар аз як моҳ пеш, Трамп шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва Ютюб (YouTube)-ро ба ҷонибдорӣ аз мухолифони демократ муттаҳам карда буд.