Апрел 16, 2019 19:40 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи раисҷумҳури пешини Амрико ба ҷангталаб будани кишвараш

Раисҷумҳури асбақи Амрико гуфт, Амрико дар таърихи 242-солаи худ танҳо 16 сол дар сулҳ буда ва ин сабаб шудааст, Амрико ҷангталабтарин кишвар дар таърихи ҷаҳон лақаб бигирад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Ҷимми Картер, раисҷумҳури асбақи Амрико дар изҳороте бо ишора ба нигаронии Доналд Трамп дар бораи пешӣ гирифтани Чин аз Амрико дар ҷаҳон гуфт, шояд иллати ин мавзӯъ он бошад, ки чиниҳо ҳатто ҳеҷ пулеро сарфи ҷанг накардаанд.

Ҷимми Картери 94-сола дар маросиме дар калисое дар зодгоҳаш дар иёлати Ҷорҷия афзуд: “Трамп ҳақ дорад, дар бораи қудрати иқтисодии физояндаи Чин нигарон бошад, зеро моделҳои иқтисодӣ нишон медиҳад, Чин дар соли 2030 ба унвони қудратмандтарин иқтисоди ҷаҳон гӯйи сабқатро аз Амрико хоҳад рабуд ва ба эътиқоди бисёре аз коршиносон, мо ҳамакнун дар асре, ки қарни Чин лақаб гирифтааст, зиндагӣ мекунем”. Катер гуфт: “Мо ҳамвора дар ҷанг будаем ва иллати аслии ин амрро бояд дар гароиши Амрико ба водор сохтани дигар кишварҳо ба татбиқу созгории худ бо меъёрҳои амрикоӣ ҷустуҷӯ кард”. Раисҷумҳури пешини Амрико тасреҳ кард: "Дар Чин манофеи иқтисодии ҳосил аз сулҳ бисёр возеҳу рӯшан аст. Ба унвони мисол, мо дар Амрико чанд километр ҷодаи оҳани пурсуръат дорем? Дар ҳоле ки Чин ҳудуди 18 ҳазор майл хати оҳани пурсуръат дорад, Амрико ба эътиқоди ман, 3 триллион доллар аз пулҳои худро дар ҳазинаҳои низомии беҳуда талаф кардааст. Дар ҳоле ки чиниҳо ҳатто як ҳеҷ пули худро сарфи ҷанг накардаанд ва ба ҳамин иллат аст, ки онҳо тақрибан дар ҳама маворид аз мо пеш афтодаанд”.

Картер, ки сию нуҳумин раисҷумҳури таърихи Амрико аст, дар соли 1979 равобити дипломатиии одии миёни Амрико ва Чинро барқарор кард.

 

Барчасп