Сохти қатори тундрав бо суръати 600 километр дар Чин
Май 24, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
Чин қатори тундраве сохтааст, ки суръати он 600 километр дар соат аст.
Ба гузориши ИРНА, сохти ин қатори сареъуссайр дар ҳоле аст, ки ҳаддиаксари суръати ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ байни 800 то 900 километр дар соат аст.
Қаторҳои “Maglev” - и сареъусайр василае амн ва қобили эътимод, бидуни сарусадо, камларзиш, бо зарфияти зиёд ва бо қобилияти ҳаракат дар шароити мухталифи обуҳавоӣ ҳастанд, ки ба таври шиновар дар ҳаво, дар фосилаи каме аз рейл қарор доранд ва барои ҳаракати худ аз нерӯи электромиқнотисӣ баҳра мегиранд.
Ҳамакнун сареътарин қатори Чин бо суръати 350 километр дар соат дар масири Пекин - Шанхай фаъолият мекунад.