Июн 01, 2019 19:17 Asia/Dushanbe
  • Посухи Гонконг ба таҳдиди Амрико дар бораи тиҷорати нафт бо Эрон

Давлати Гонконг (Ҳонконг) таҳдиди Амрико дар хусуси вазъи таҳрим зидди ин минтақа, ба иллати иҷозаи таваққуф ва ироаи хадамот ба нафткашҳои эронӣ дар поёнаи Гонконгро рад кард.

Идораи бозаргонӣ ва тавсеаи иқтисодии Гонконг рӯзи шанбе дар баёнияе дар вокуниш ба ҳушдорҳои Амрико дар бораи идомаи ҳамкорӣ бо нафткашҳои эронӣ эълом кард, Гонконг фақат ба таҳримҳои эъмолшуда аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид пойбанд хоҳад буд ва Шӯрои Амнияти ин созмон маҳдудияте барои содироти нафти Эрон ҷорӣ накардааст.

Идораи бозаргонӣ ва тавсеаи иқтисодии Гонконг дар ин баёния афзуд, агарчӣ бархе кишварҳо мумкин аст таҳримҳои якҷонибаеро зидди бархе кишварҳо эъмол кунанд, аммо ин таҳримҳо дар чорчӯби таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки аз сӯйи давлати Гонконг амалӣ мешавад, нестанд.

Амрико ба Гонконг ҳушдор дода буд, дар чорчӯби таҳримҳои эъмолшуда аз сӯйи Вашингтон, ба нафткашҳои эронӣ хадамот ироа накунад.

 

Барчасп