Олудагии 18 баробарии телефонҳои мобелӣ нисбат ба косаи туалет
Телефонҳои мобелӣ аз касифтарин васоиле ҳастанд, ки ҳарруз бо онҳо сару кор дорем ва ба роҳатӣ метавонанд боиси беморӣ шаванд.
Ба нақл аз Спутник, микробшиносони донишгоҳи Аризона таҳқиқоте мунташир карданд, ки нишон медиҳад телефонҳои мобелӣ дар ҳолати маъмулӣ бар руи худ олудагӣ ва бактериҳои бештаре нисбат ба косаи туалет доранд.
Беш аз ёзда навъи микроб ва бактерии зарарнок руи сатҳи телефонҳои мобелӣ зиндагӣ мекунанд ва ба содагӣ метавонанд сабаби беморӣ дар ашхос шаванд.
Бинобарин беҳтар аст нисбат ба тамиз кардани телефонҳои мобелӣ ҳассосияти бештаре дошта бошед ва дар ҳангоми ғизохурдан телефонҳои мобелиро аз худ дур кунед ва аз онҳо истифода накунед.
Иддае муътақиданд бояд ё телефонҳои мобелии зидди оби қобили шустушу харидорӣ кард ва ё бо маводди зиддиуфуникунанда монанди алкули санъатӣ онро тамиз кард.