Июл 09, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 30 узви Толибон дар вилояти Дойкундии Афғонистон

Бар асари даргирӣ байни неруҳои артиши Афғонистон ва аъзои гуруҳи Толибон дар вилояти Дойкундӣ дар маркази ин кишвар камаш 30 узви ин гуруҳ кушта шуданд.

Ба гузориши ИРНО, Сакина Эҳсонӣ сухангӯи волии Дойкундӣ рӯзи душанбе гуфт, дар паи ин даргирӣ, ки дар минтақаи Бозори муштарак ва посгоҳи Сиёҳсанг-и шаҳристони Каҷрон-и ин вилоят руй дод ҳамчунин се неруи артиши Афғонистон кушта ва 9 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш як саркардаи гуруҳи Толибон ҳам дар байни куштаҳо мушоҳида мешавад.

Дар вилояти Лугер дар шарқи Афғонистон ҳам 48 узви гуруҳи Толибон дар даргирӣ бо неруҳои амниятӣ ва артиши ин кишвар кушта шуданд.

Дар вилояти Ҳилманд  дар ҷануби Афғонистон низ 10 узви гуруҳи Толибон кушта шуданд.