Амрико Чинро ба таҳрим таҳдид кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45119-Амрико_Чинро_ба_таҳрим_таҳдид_кард
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, агар Чин ба воридоти нафти хоми Эрон идома диҳад, ҳадафи таҳримҳои Вашингтон қарор хоҳад гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 13, 2019 15:35 Asia/Dushanbe
  • Амрико Чинро ба таҳрим таҳдид кард

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, агар Чин ба воридоти нафти хоми Эрон идома диҳад, ҳадафи таҳримҳои Вашингтон қарор хоҳад гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Морган Артагус, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард: “Мо дар ҳоли ҳаракат ба сифр кардани содироти нафти Эрон ҳастем ва кишварҳое, ки аз таҳримҳои Амрико пайравӣ накунанд, бо паёмадҳои он мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ин мақоми амрикоӣ таъкид кард, мо интизор дорем ҳамаи кишварҳо аз таҳримҳои Амрико пайравӣ кунанд ва ин мавзуъ шомили Чин ё ҳар кишвари дигаре дар дунё мешавад.

Бархе манобеъ эълом кардаанд, чанд мақоми давлати Амрико дар пайи таҳрими Чин ба далели идомаи хариди нафт аз Эрон ҳастанд.

Мақомоти амрикоӣ муътақиданд, сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрон ба далели идомаи содироти нафти Эрон ба Чин тазъиф шудааст.