Баёнияи триукои аврупоӣ дар бораи танишҳо дар халиҷи Форс
(last modified Mon, 15 Jul 2019 07:52:53 GMT )
Июл 15, 2019 12:52 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи  триукои  аврупоӣ дар бораи танишҳо дар халиҷи Форс

Се кишвари Британия, Фаронса ва Олмон дар ҳимоят аз БАРҶОМ ва низ дар бораи танишҳо дар халиҷи Форс баёнияи муштарак содир карданд.

Ба гузориши Рейтерз, дар ин баёния,ки рузи якшанбе содир шуда,омадааст триукои ( кумитаи се узвӣ ) аврупоӣ бар тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ таъкид дорад ва дар бораи хатари фурӯпошии он нигарон аст.

Ин се кишвари аврупоӣ нигаронии шадиди худро аз ҳамлаҳо дар халиҷи Форс ва низ вахомати рӯзафзуни авзоъи амниятӣ дар ин минтақа иброз карданд. Сегонаи  аврупоӣ дар ин баёния хостори эҷоди роҳе барои тавақуфи танишҳо ва аз саргирии гуфтугуҳо шуданд. Жан-Ив Ле Дриан  Ҷиен Явес Лидерен вазири хориҷаи Фаронса низ гуфт; шароити афзоиши таниш дар ғарби Осиё метавонад ба тақобул хатм шавад.

Дар яке аз тозатарин иқдомҳои таҳрикомези Амрико дар халиҷи Форс, як фарванд паҳподи ҷосусии ин кишвар, 20 июл ба ҳарими сарзамини Ҷумҳурии исломии Эрон таҷовуз кард,ки дар минтақаи кӯҳи мубораки устони Ҳурмузгон ( ҷануби Эрон ) ҳадафи падофанди нерӯи ҳаво- фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.