Август 10, 2019 14:55 Asia/Dushanbe
  • Шикасти давлати Амрико барои мусодираи бурҷи Бунёди Алавӣ дар Ню Йорк

Додгоҳи таҷдидиназари Амрико, ҳукми ҳайати мунсифаро,ки ба давлат иҷоза медод то сохтмони Бунёди Алавӣ ро дар Мнаҳтан Ню Йорк мусодира кунад,рад кард.

Ба гузориши хабаргузории РЕЙТЕРЗ, ҳукми ҳайати мунсифаи Амрико,ки ба давлати ин кишвар иҷоза медод сохтмони Бунёди Алавӣро дар Мнаҳтан мусодира кунад,ки ба гуфтаи мақомоти Амрико ба сурати муасире таҳти кантроли Эрон қарор дорад, дар додгоҳи таҷдидиназар бо ишора ба чандин иштибоҳ аз сӯи қозии парванда лағв шуд.

Тасмими рӯзи ҷумъаи Ричорд Вслӣ қозии додгоҳ нишон дод, ҳукми қозии аввали парвандаи Катрин Форст, нодуруст ва бар асоси як иштибоҳ будааст.

Бар асоси ин гузориш, тасмими додгоҳи таҷдидиназари Амрико барои Вазорати додгустарии Амрико маҳсуб мешавад,ки ба умеди фурӯши ин сохтмони 36 табақа ба арзиши ҳудуди як миллиард доллар ин шикоятро матраҳ карда буд.

Аъзои ҳайати мунсифаи июли соли 2017 мудаъӣ буданд,ки Бунёди  ғайри интифоии Алавӣ, қонунҳои таҳримии Амрико алайҳи Эрон дар соли 1995 ро нақз кардааст.

Барчасп