Дифои намояндаи мусалмони конгираи Амрико аз ҳифзи ҳиҷоби исломӣ
Намояндаи мусалмони конгираи Амрико ҳифзи ҳиҷобашро навъе муқовимат донист.
Ба нақл аз ИРНО, Илҳон Умар намояндаи мусалмони конгираи Амрико бомдоди якшанбе (ба вақти маҳаллӣ) дар твитте навишт :"ҳиҷобашро ба унвони навъе муқовимат нигаҳ доштааст ҳар чанд ин амр ҳамеша осон нест."
Илҳон Умар афзуд, далел ин ки ба ҳиҷоб пойбанд аст танҳо ба хотири илзомоти динӣ нест, балки аз ин равиш зиндагӣ лаззат мебарад.
Ин намояндаи мусалмон нахустин узви Сомалӣ-амрикоӣ маҷлиси намояндагони конгира ва намояндаи демократи иёлати Миннесота аст, ки бо роҳёбӣ ба маҷлиси қонунгузории Амрико дар авоили соли 2019 бисёр хабарсоз шуд.
Илҳон Умар беш аз ҳама ба хотири доштани ҳиҷоб дар конгираи Амрико ва мавозеаш алайҳи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико, Исроил ва таъкид бар қатъи ҳимояти Вашингтион аз Арабистони саудӣ шинохта мешавад.
Ин намояндаи мусалмони конгираи Амрико мухолифи сиёсатҳои хориҷии Вашингтон ва хоҳони коҳиши ҳазинаҳо ва будҷети ҷангҳо ва таҳоҷумоти низомии Амрико аз ҷумла дахолати ин кишвар дар ҷанги Яман аст.