Дархости раисҷумҳури Филиппин: Ба масъулони фосид шиллик кунед
Раисҷумҳури Филиппин аз мардуми ин кишвар хост, дар сурати мушоҳидаи дархости ришва аз сӯйи масъулон, ба онҳо тирандозӣ кунанд.
Родриго Дутерте, раисҷумҳури Филиппин дар фарохонии аҷиб ва ҷанҷолӣ, аз мардуми ин кишвар хост, ба касоне, ки дархости ришва мекунанд, шиллик кунанд.
Рӯзномаи “Manila Bulletin” рӯзи ҷумъа (22 шаҳривар) навишт, ки Дутерте тайи фарохоне аз шаҳрвандони Филиппин хоста, агар ҷое мушоҳида карданд, ки мақомот ва масъулон аз онҳо дархости ришва мекунанд, метавонанд ба онҳо тирандозӣ кунанд.
Бо ин ҳол, раисҷумҳури Филиппин аз мардум хостааст, тирандозӣ ба масъулони ришвагир ба гунае набошад, ки онҳоро ба “ҷаҳони дигар” бифиристад.
Дутерте барои ин фарохони худ ҳатто ба мардум тавсияҳое кардааст то мабодо ба далели анҷоми қатл ба зиндон биафтанд. Раисҷумҳури Филиппин гуфтааст, мардум метавонанд ба ҷойи шиллики мустақим ба ноҳияи сару синаи масъулони ришагир, ба бахшҳои дигари бадани масъулони фосид ва ришвагир тирандозӣ кунанд.
Дутерте гуфтааст: “Агар молиёт, авориз, ҳазинаи тархис дар гумрук ва монанди инҳо пардохт кардаед, вале боз ин аҳмақҳо аз шумо ришва мехоҳанд, зери гӯши онҳо бихобонед. Аммо агар силоҳ бо худ доштед, метавонед ҳамон лаҳза ба онҳо шиллик кунед. Вале онҳоро накушед, зеро, ки эҳтимол дорад ба далели қатл, машмули афв ва коҳиши муҷозот нашавед”.
Раисҷумҳури Филиппин қавл додааст, аз касоне, ки ба масъулони фосид шиллик кунанд, ҳимоят кунад ва иҷоза надиҳад ба зиндон бираванд ва танҳо танбеҳи баданӣ шомили зорибон хоҳад шуд.
Дутерте фасод дар кишварашро ба “кирме” ташбеҳ кардааст, ки тақрибан дар дохили ҳамаи афроде, ки дар давлат ҳастанд, вуҷуд дорад. Ӯ ҳатто гуфтааст, ки дар гузашта маҷбур шудааст шахсан ба самти тоҷирони маводи мухаддир бидуни он ки муҳокима шаванд, шиллик кунад ва онҳоро бикушад.
Раисҷумҳури Филиппин аз мардуми ин кишвар хоста, ҳар гуна фасод ва ҷароими моливу иқтисодии масъулони давлатиро гузориш диҳанд ва иҷоза надиҳанд ҳуқуқи онҳо поймол шавад.
Дутерте соли 2016 ба унвони раисҷумҳури Филиппин интихоб шуд. Ӯ хостори иттихози иқдомоти шадид дар баробари муҷримон, тоҷирони маводи мухаддир ва фосидон шудааст. Бо ин ҳол, ҷомеаи байналмилалӣ борҳо равишҳои ӯ дар муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва фасод дар Филиппинро маҳкум карда ва хостори таваққуфи ин гуна равишҳо шудааст.