Раҳбарони аҳли суннат ваҳҳобияти Саудиро маҳкум карданд
200 нафар аз андешамандону муфтиҳои аҳли суннат бо интишори баёнияе ваҳҳобиятро ривоҷдиҳандаи хушунату фирқаи хатарнок барои ҷаҳони Ислом тавсиф карданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, нашрияи "Индепендент" навиштааст, дастикам 200 нафар аз андешамандону муфтиҳои аҳли суннат, аз ҷумла Тайиб, раиси пешини Донишгоҳи "ал-Азҳар"-и Миср дар поёни ҳамоиши "Шинохти пайравони мазоҳиби аҳли суннат", ки дар шаҳри Грозни, пойтахти Чеченистон баргузор гашт, бо интишори баёнияе эълом карданд, ваҳҳобият ривоҷдиҳандаи хушунату фирқаи хатарнок барои ҷаҳони Ислом аст. Дар ин баёния таъкид шудааст, ваҳҳобият омили муаррифии чеҳраи ғайривоқеӣ ва хашин аз Ислому мусалмонон аст, ки бо мусалмонон рафтори хушунатбору марговар дорад. Дар ин нишаст андешамандону раҳбарони аҳли суннат аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Миср, Либия, Кувейт, Урдун, Судон, Ҳинд ва Лубнон иқдомоти такфириҳоро ба шиддат маҳкум ва эълом карданд, ки террористҳо ҳеҷ иртиботе бо мазоҳиби аҳли суннат надоранд.
Ин нахустин бор аст, ки саудиҳо ва мактаби ваҳҳобият ҳамзамон аз ҷониби раҳбарони суннӣ ва шиа маҳкум шуда, ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
Нашрияи "Индепендент" навиштааст, ин иқдоми раҳбарони аҳли суннат тавҳини ошкор ба ҳокимони Саудӣ ва шикасти бузург барои онон буд, ки солона миллионҳо долларро дар сохтмони мактаб, масҷид ва тарбияти рӯҳониҳо сарф мекунанд. Ин рӯзномаи англисӣ ДИИШ, "ал-Қоида" ва Толибонро зершохаҳои ваҳҳобият донистааст.