Октябр 01, 2019 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ибтикори ду навҷавони мусулмони Амрико барои эҳдои кутуби исломӣ ба мактабҳо

Ду навҷавони мусулмон дар Мичиган дар иқдоме ибтикорӣ, гурӯҳе бо номи “Духтарони ҳилоли моҳ” роҳандозӣ кардаанд ва кутубе бо муҳтавои шахсиятҳои мусулмонро ба мадорису мактабҳои мухталиф дар Амрико эҳдо мекунанд.

Ду навҷавони мусулмон бо ташкили як гурӯҳи оммалманфиъа, китобҳое бо шахсиятҳои мусулмонро ба мактабҳои мухталиф эҳдо мекунанд.

Мано ва Зано Насири 14 ва 16 сола аз иёлати Мичигани Амрико, ки ошиқи хондан ва мутолеа ҳастанд, бо ишораи ин амр, ки китобҳое бо шахсиятҳои мусулмон барои навҷавонон бисёр нодир мебошанд ва худашон ҳамеша барои ёфтани улгуҳои зан дар кутуби достонӣ бо мушкил рӯ ба рӯ будаанд, проектеро дар синфи чаҳорум оғоз кардаанд то аҳамияти вуҷуди шахсиятҳои муҳими таърихиро дар кутуби ироашуда барои ҳар насл эълом кунанд.

Онҳо  дар аҷаб буданд, ки чаро гузинаҳои кутуби исломӣ барои ҷавонон ва навҷавонони мусулмон то ин андоза маҳдуд аст ва тасмим гирифтанд худашон як гурӯҳ бо унвони “Духтарони ҳилоли моҳ” ташкил дода, китобҳоро харидорӣ карда ва ба китобхонаҳои мадорис эҳдо кунанд.

Мано ва зано дар ин бора ба хабарнигорон гуфтанд: “Мо барои ин проект ба китобхонаи умумии маҳаллӣ рафтем ва умедвор будем битавонем кутубе дар бораи занони мусулмон дар таърих пайдо кунем, ки илҳомбахши мо бошанд, аммо мутаассифона, дар ниҳоят чизе наёфтем. Ва ҳамон ҷо буд, ки ба камбуди манобеъ дар ин робита пай бурдем”.

Онҳо изҳор доштанд: соли гузашта китобе бо як шахсияти аслии мусулмон барои нахустин бор мутолеа кардем ва ҳисси дидани як шахсияте мисли мо, ки гӯё намояндае аз мо маҳсуб мешуд, воқеан фавқуллода буд.

Ин ду хоҳар дар идома вебсайте барои худашон роҳандозӣ карда ва замонҳои бекориашонро ба пайдо кардани кутуб барои кӯдакон ва навҷавонони мусулмон дар радаҳои синнии мухталиф гузоштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп