Октябр 02, 2019 20:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози барномаҳои “Моҳи таърих ва мероси исломӣ” дар Канада

Барномаҳои “Моҳи таърихи Ислом ва мероси исломӣ” дар шаҳрҳои мухталифи Канада аз аввали октябр (9 меҳр) оғоз шуд.

Соли 2007 парлумони Канада расман моҳи октябрро ба унвони “Моҳи таърих ва мероси исломӣ” номгузорӣ кард. Ҳадаф аз ин иқдом иттилоърасонӣ, омӯзиш ва ба иштирокгузории иттилоот дар бораи мероси ғании мусулмонон ва гиромидошти қарнҳо хадамоти мусулмонон ба башарият ва сохтани пуле байни мусулмонон ва дигар мардуми ин кишвар эълом шуд.

Имсол барномаҳои “Моҳи таърихи исломӣ” бо унвони “Ислом ва ҳунар” ба муддати як моҳ дар шаҳрҳои мухталифи Канада дар ҳоли баргузорӣ аст.

 Ин барномаҳо дар шаҳрҳои Отава, Кингстаун, Торонто, Лондон ва Ванкувер баргузор хоҳад шуд ва шомили намоиши филм, баргузории коргоҳҳои омӯзишӣ, барпоии ҷашнвораҳои фарҳангӣ - ҳунарӣ ва суханронӣ дар бораи мавзӯоти мухталиф аст.

Ҳамчунин мавзӯоти рӯзи ҷаҳони Ислом, аз ҷумла авзои мусулмонон дар Кашмир, вазъияти уйғурҳои Чин ва мусулмонони Руҳингиё дар нишастҳо баррасӣ хоҳад шуд.