Дархости Путин барои ташкили бозори молии кишварҳои ИДМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47495-Дархости_Путин_барои_ташкили_бозори_молии_кишварҳои_ИДМ
Раисҷумҳури Русия ташкили бозори молии муштаракро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Ҷомеаи Ҳамсуд) хостор шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 12, 2019 20:03 Asia/Dushanbe
  •  Дархости Путин барои ташкили бозори молии кишварҳои ИДМ

Раисҷумҳури Русия ташкили бозори молии муштаракро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Ҷомеаи Ҳамсуд) хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти кишварҳои узви ИДМ гуфт, кишварҳои ин иттиҳодия бояд худро аз хатарҳои пулӣ дар шароити ҷанги тиҷории кунунӣ ҳифз кунанд ва ба фикри ташкили бозори молии воҳид бошанд.

Путин рӯзи ҷумъаи 11 октябр дар нишасти Шӯрои ИДМ дар Ишқобод, бар зарурати иқдомоти тазминӣ дар баробари хатарҳои арзӣ, азҷумла истифода аз пулҳои миллӣ дар шароити ҷанги иқтисодии кунунӣ таъкид кард.

Раисҷумҳури Русия афзуд, бояд ҳамкорӣ дар заминаҳои пулиро тақвият кунем ва бар сиёсати пулии воҳид мутамаркиз шавем.

Гуфтаҳои Путин дар вокуниш ба сиёсати зиддитиҷории Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва низ таҳримҳои молии ин кишвар алайҳи кишварҳои мухолиф будааст.