Октябр 23, 2019 22:03 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими сӯгвории реҳлати паёмбар (с) дар маркази исломии Берлин

Маросими сӯгвории реҳлати паёмбар (с) дар Маркази исломии Берлин баргузор мешавад.

Маросими сӯгвории солрӯзи реҳлати паёмбари Ислом (с) ва шаҳодати имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ризо (алайҳимассалом) дар ин марказ баргузор мешавад.

Ба гузориши ИКНА, ин маросим пас аз иқомаи намози мағриб ва ишо, аз рӯзи панҷшанбе, 24 октябр (2 обон) то душанбе - 28 октябр (6 обон) баргузор хоҳад шуд.

Ҳуҷҷатулислом Сайидмаҳмуди Мусавӣ суханронии ин маросимро бар уҳда дорад, ки матолиби он ба олмонӣ тарҷума мешавад. Ҳамчунин маддоҳӣ бар уҳдаи Ҳамиди Қурбонӣ аст.