Октябр 24, 2019 16:04 Asia/Dushanbe
  • Талоши давлати Тайван барои ҷазби гардишгарони мусулмон

​​​​​​​Мақомоти вазорати иттилоот ва гардишгарии Тайван, 6 мақсади гардишгарӣ ва 28 меҳмонхонаро ба унвони маконҳои муносиб барои гардишгарони мусулмон муаррифӣ карданд.

Бурҷи Тайбэй 101, Кохи мӯзеи Миллии Тайбэй, толори ёдбуди Чёнг Кой Шак ва Парки тафреҳии кӯдакон аз ҷумлаи маконҳои муносиб барои гардишгарони мусулмон дар шаҳри Тайбэй, пойтахти Тайван муаррифӣ шудааст.

Иллати интихоби ин мақосиди гардишгарӣ, вуҷуди хадамоти вижа барои мусулмонон аз ҷумла доштани намозхона ва риояти меъёрҳои исломӣ будааст. Бар асоси назарсанҷиҳои анҷом шуда аз сӯи давлати Тайван, шаҳри Тайбэй, пойтахти ин кишвар ба далели рафтори дӯстонаи шаҳрвандон, назофати муҳит ва сатҳи болои хадамот, мавриди таваҷҷуҳи гардишгарони мусулмон аст.

Давлати Тайван дар баёнияи худ дар мавриди ин назарсанҷӣ эълом кард, мушкили муштараке, ки гардишгарони мусулмон ба он ишора доштаанд, набуди намозхона ва камбуди маконҳои тафреҳии мутаносиб бо меъёрҳои исломӣ аст, ба ҳамин далел масъулони шаҳри Тайбэй бо бозсозии маконҳои гардишгарӣ ва меҳмонхонаҳо барои ба даст овардани муҷаввизҳои муносиб, талош карданд то ин шаҳрро барои гардишгарони мусулмон беҳинасозӣ кунад.