Ноябр 14, 2019 18:31 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи ҳунарҳои исломӣ тавассути мусалмонони Ҳюстон

​​​​​​​Ҷашнвораи ҳунарҳои исломӣ тавассути мусалмонони Ҳюстон иёлат Техаси Амрико баргузор шуд.

Беш аз 40 ҳунарманди мусалмони осорашонро дар шашумин ҷашнвораи солонаи ҳунарҳои исломӣ дар Ҳюстон ба намоиши гузоштанд. Ин намоишгоҳи осори ҳунарӣ ва фаъолиятҳои муртабит бо мусалмононро нишон медод.

Дар талош барои густариши зебоиҳои ҳунари исломӣ ва пайванди ҷомеа бо афроде, ки онро месозанд, Анҷумани ҳунарҳои исломӣ дар Ҳюстон воқеъ дар иёлати Техаси Амрико барои шашумин соли мутаволӣ мизбони ҷашнвораи солонаи ҳунарҳои исломӣ буд.

Ҷашнвораи ҳунарҳои исломӣ дар Масҷид ул-Салом баргузор шуд. Ва осори ҳунарии ҳунармандони мусалмон аз наққошӣ гирифта то ҳино ва дигар фаъолиятҳо ва хадамот дар он ба чашм мехӯрданд.

Шоҳин Раҳмон, мудири равобити умумии Анҷумани ҳунарҳои исломӣ гуфт, ҳунари исломӣ таърихчаи қадимӣ бо 1400 сол қидмат дорад ва ин чизе нест, ки дар бораи он дар расонаҳо бишнавем.

Вай гуфт, яке аз ҷанбаҳои муҳимми ҷашнвораи ҳунарҳои исломӣ фурсате барои сӯҳбати мустақим бо худи ҳунармандон аст.

Мудири равобити умумии Анҷумани ҳунарҳои исломӣ гуфт, бештари ҳунармандони маҳаллӣ ва аҳли Ҳюстон ҳастанд, аммо ҳунармандоне низ дорем, ки аз шаҳрҳо ва иёлатҳои мухталиф омадаанд, ки дар ҷашнвора ширкат мекунанд. Инҷо макони бисёр хубе барои намоиш ва мулоқот бо соири ҳунармандоне аст, ки бо иштиёқ ҳунарҳои исломиро тамрин кунанд.

 

Барчасп