Ҳушдор дар бораи шабаҳҳои саргардони моҳвораҳои мурда дар мадори замин
Раиси Созмони фазоии Аврупо ҳушдор дод, ҳазорон моҳвораи мурда дар фазо шиновар ҳастанд ва хатари бисёр бузурге барои башарият ба ҳисоб меояд.
Ба нақл аз ИРНО, Ҷон Вернер дар нишасти Шурои вазирони кишварҳои узви Созмони фазоии Аврупо дар Спания афзуд, аз тақрибан чаҳор ҳазору 500 моҳворае, ки дар мадори замин қарор доранд танҳо ҳазору 500 моҳвора фаол ҳастанд.
Донишмандони фазоӣ нигаронанд, ки моҳвораҳои мурда (аз рада хориҷ) ба дигар моҳвораҳо ва ё истгоҳи байналмиллалии фазоӣ бархурд кунанд, ки дар он сурат партовҳои фазоии бештаре эҷод хоҳанд кард ва боиси бурузи як вокуниши фоҷеабори занҷираӣ мешаванд, ки метавонад шабакаҳои мухобиротиро аз байн бибарад ва фаолиятҳои фазоӣ ва истифода аз моҳвораҳоро дар мадорҳои хос барои чандин насл ғайримумкин созад.
Созмони фазоии Аврупо акнун машғули фаолият руи барномаҳое барои ҳазфи моҳвораҳои мурдааст ва ширкатҳое монанди Эйрбосс саргарми ибдои технологиҳои наве барои ҷамъоварии партовҳои фазоӣ ҳастанд.
Вернер гуфт, мо дар Созмони фазоии Аврупо саргарми тарроҳии маъмурияте ҳастем, ки теъдоде аз моҳвораҳои ин созмонро, ки ҳануз ба даври замин парвоз мекунанд соқит кунем.
Раиси Созмони фазоии Аврупо ҳамчунин бо баёни ин ки эҳтимолан динозаврҳо ба далели бархурди шаҳоб санг бо замин аз байн рафтанд афзуд, мо намехоҳем ба ҳамон далел аз байн биравем бинобарин маъмуриятҳое барои нобудӣ ё тахриби шаҳобсангҳо низ лозим аст.