Кашфи ҷасади солими як саг/гурги 18 ҳазор сола
(last modified Mon, 02 Dec 2019 08:33:03 GMT )
Декабр 02, 2019 13:33 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҷасади солими як саг/гурги 18 ҳазор сола

Кашфи ҷасади ҳайвоне 18000 сола дар Сибир , ки эҳтимол дорад сагбачча ё гургбачча бошад деринашиносонро ҳайратзада кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҷасад на танҳо ҳеҷ осебе надида, балки онқадар солим аст, ки гуё соатҳое пеш ҷон бохтааст.

Донишмандон бо кашфи лошаи ин сагбаччаи моқабли таърих дар минтақаҳои шарқии Русия мутаҳайир шудаанд, ҳар чанд наметавонанд бо итминон дар бораи моҳияти нажодии ин саг ё гург тасмим бигиранд.

Донишмандони русии ин саг/гургро дар шарқи Сибири Русия ёфтанд.

Ҳадс зада мешавад ин мавҷуд дар охирин асри яхбандон зиндагӣ мекардааст.

Бадани ин ҳайвон дар вазъи қобили таваҷҷуҳе қарор дорад ба наҳве, ки хазҳои бадан, дандон ва бинӣ тақрибан комилан ҳифз шудааст.

Ёфтаҳои донишмандон дар бораи кашфи ин ҳайвон, ки дар як журнали илмии Анҷумани салтанатии Англия мунташир шуда, дар мақолае дар мавриди таъсири тағйироти обу ҳаво ва фаолиятҳои инсонӣ дар Қутби Шимол дарҷ шудааст.

Девид Астентон яке аз нависандагони ин мақола ба СНН гуфт, маъмулан тафовути байни лошаи гургу сагро метавон ба содагӣ дарёфт, аммо ин як маврди истисноӣ аст ва мо ҳадс мезанем шояд ин мавҷуд таркибе аз ду нажод бошад.

Қарор аст ин саг ё гург бо номи мустаори Дегор таҳти озмоишҳои бештаре қарор бигирад ва баста ба ончи муҳаққиқон кашф мекунанд ӯ метавонад яке аз муҳимтарин ёфтаҳо дар солҳои ахир бошад.