Кашфи иллати бемории диябат, саратон ва фаромушхотирӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48971-Кашфи_иллати_бемории_диябат_саратон_ва_фаромушхотирӣ
Яке аз авомили бемории саратон, диябет ва фаромушхотирӣ метавонад навъе бактерӣ бошад, ки дар даҳони инсон таксир мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 09, 2019 14:41 Asia/Dushanbe
  • Кашфи иллати бемории диябат, саратон ва фаромушхотирӣ

Яке аз авомили бемории саратон, диябет ва фаромушхотирӣ метавонад навъе бактерӣ бошад, ки дар даҳони инсон таксир мешавад.

Ба нақл аз Спутник, мутахассисони ширкати амрикоии Корткисм бо мавзӯи тавлиди адвия эълом кардаанд, ки навъе бактерии хос дар мағзи беморон мубтало ба фаромушхотирӣ кашф шудааст.

Аз сӯи дигар ин бактерӣ мавсум ба Porphyromonas gingivalis дар мафосили ашхоси бемор мубтало ба артроз, дар лузулмеъдаи диабетиҳо, кабади ашхоси бемор ва дар анвои мухталифи донаҳои саратонӣ ба вижа дар ноҳияи сар, гардан ва дастгоҳҳои ҳазми ғизо мушоҳида мешавад.

Дар натиҷаи озмоиш дар мушҳо мушаххас шуд, ки ин бактерӣ муҷиби пайдоиши ин бемориҳо мешавад.

Ашхоси ҳомили ин бактерӣ аз бемории зираи дандон ранҷ мебаранд ва сипас дучори маризиҳое монанди  диябет, артрит румотоид, чоқии кабад ва бемории фаромушхотирӣ мешаванд.

Ба ақидаи коршиносон, ин навъи бактериҳо ба кумаки антибиютикҳо дармон намешаванд.

Ин бактериҳо эҳтимолан дар ҳуфраи даҳони бузургсолон шуруъ ба таксир мекунанд, бино барин воксина шудан дар кудаке метавонад аз ибтило ба онҳо пешгирӣ кунад.