Декабр 24, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Милоди ҳазрати Масеҳ (а) хуҷаста бод

Фардо, 25 декабр рӯзи милоди фархундаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.

Ҳазрати Исои Масеҳ (а), ки дар Қуръони карим аз ӯ Рӯҳуллоҳ ёд шуда, фарзанди ҳазрати Марям (р) ва аз паёмбарони бузурги илоҳӣ аст. Эшон бо тасдиқи “Таврот”, китоби осмонии яҳудиён бишорат дод, ки баъд аз ӯ расуле хоҳад омад, ки номаш Аҳмад аст.

Масеҳиён дар рӯзи таваллуди ҳазрати Исои Масеҳ (а), паёмбари бузурги илоҳӣ оини вижае баргузор мекунанд, ки барафроштани дарахти коҷ (арча)-и сабз дар хонаҳо маъруфтарини ин русум аст. Агарчи масеҳиён бар сари таърихи таваллуди ҳазрати Масеҳ ихтилофи назар доранд, аммо соли нав дар ҳама кишварҳое, ки тақвими милодиро ба расмият мешиносанд, аз аввали моҳи январ оғоз мешавад. Ба ҳамин муносибат мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳое ба сарону мақомоти кишварҳои мухталиф ва ҳамаи масеҳиёни ҷаҳон фаро расидани милоди ҳазрати Исои Масеҳ (а) ва оғози соли нави 2020-ро табрик гуфтанд.

Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” милоди ҳазрати Масеҳ (а)-ро ба ҳама пайравону дӯстдорони он ҳазрат табрик мегӯяд.