Январ 08, 2020 13:14 Asia/Dushanbe

Донишманди матраҳи тоҷики муқими Маскав бо тамҷид аз шахсияти сардор Қосими Сулаймонӣ, террори ӯ тавассути амркоиҳоро маҳкум кард.

Доктор Раҷаб Сафаров, раиси Маркази мутолиоти Эрони муосир дар Русия ва коршиноси сиёсии машҳури ин кишвар, дар гуфтугӯ бо ИРНА дар Маскав, иқдоми Амрико дар террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҷиноят ва намунаи боризи терроризми давлатӣ аз сӯи давлати Амрико эълом кард.

Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, шаҳид Сулаймонӣ на фақат дар Эрон, балки дар бисёре аз кишварҳои дигари минтақаи ғарби Осиё ва ҷаҳон, аз сатҳи маҳбубияти болое бархӯрдор буд.

Доктор Раҷаб Сафаров чанде пеш дар мизи гирди радиои BBC, бо радди идаоҳои муҷрии бунгоҳи хабарпарокании Англия, аз сардор Сулаймонӣ ба унвони як стратегист дар сатҳи байналмилалӣ ёд карда буд.

Сӯҳбатҳои доктор Сафаров дар бораи шаҳид Сулаймонӣ дар зер қобили шунидан аст.