Январ 23, 2020 16:38 Asia/Dushanbe
  • Намоиши фарҳангу ҳунари 52 кишвари исломӣ дар осорхонаҳои Амрико

Осорхонаи кӯдакони Омаҳа дар иёлати Небраскаи Амрико осоре аз фарҳанг ва ҳунари 52 кишвари исломиро барои ошноии мардуми Амрико бо ин дин ба намоиш гузоштааст.

Намоишгоҳе бо унвони «Амрико то Занзибар: Фарҳанги исломии дуру наздик» дар осорхонаи кӯдакони шаҳри Омаҳа дар иёлати Небраскаи Амрико оғоз шудааст. Ба гузориши ИКНА, Ким Ренр, мудири равобити умумии ин осорхона мегӯяд, ин намоишгоҳ монанди сафар кардан ба гӯшаву канори ҷаҳон дар як салон аст.

Ҳишом Басма, яке аз мудирони Муассисаи мусалмонони Амрико дар Омаҳа мегӯяд, 7 ҳазор мусалмон дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд ва ин намоишгоҳ роҳе барои муаррифии фарҳангҳои мусалмонон ва дарки ин дин барои мардуми ин иёлат аст.

Боздидкунандагон аз ин намоишгоҳ ҳамчунин метавонанд меъмории масоҷиди саросари ҷаҳонро тамошо кунанд. Хонаводҳо ҳамчунин метавонанд осори ҳунармандони маҳаллиро бинанд.

Муассисаи мусалмонони Амрико ба баргузории ин намоишгоҳ кумак кардааст.

Нахустин давраи ин намоишгоҳ дар соли 2016 барпо шуд ва то кунун дар иёлатҳои мухталифи Амрико баргузор шудааст. Дар ин намоишгоҳ ҷилваҳое аз ҳунар, меъморӣ, мусиқӣ, ҷаҳонгардӣ, қиссагӯӣ, ғизо ва пӯшоки фарҳангҳои мухталифи исломии ҷаҳон ба намоиш дармеояд. Ин намоишгоҳ то 19 апрел  дар осорхонаи кӯдакони Омаҳа барпо хоҳад буд.