Феврал 06, 2020 12:56 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии афзоиши 3 баробарии қарордодҳои исломӣ дар Ҷопон

Як мақом дар ширкати Тавсиъаи санъати ҳалол дар Малайзия пешбинӣ кард то поёни соли 2020 теъдоди қарордодҳои мунъақидшудаи исломӣ дар Ҷопон 3 баробар афзоиш дошта бошад.

Ба нақл аз Ҳавза, Маҳмуд Аббос раиси ин Ожонс гуфт ; ин амр тақозои содироти машоғили ҳалол дар Малайзияро эҷод мекунад ва истеъдодҳои маҳалӣ нақши муҳиме барои рушди ин бахш ифо хоҳанд кард.

Вай гуфт ; тасалути онҳо ба забон ва дарки фарҳанги Ҷопонӣ, ҳамроҳ бо пешинаи Малайзия ба онҳо фурсате медиҳад то шуғли худро дар санъати ҳалол тарсим кунанд ва дар ниҳоят ҳаракатро ба самти пешрафт дар санъати ҳалол афзоиш диҳанд.

Маҳмуд ҳамчунин аз баргузории ҳамоиши ҷаҳонии ҳалоли 2020 бо ҳадафи кашфи истеъдодҳои ҳалол дар Ҷопон ва эҷоди як гирдиҳамоӣ барои онон дар моҳи апрел хабар дод.