13 куштаву 150 маҷрӯҳ, қурбоониёни даргириҳо дар Деҳлии Нав
Қубониёни даргириҳо дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндустон миёни мухолифон ва мувофиқони қонуни ҷанҷолии эътои тобеияти ҳиндӣ ба афроди ғайримусалмон, ба 13 куштаву 150 маҷрӯҳ расид.
Ба гузориши хабаргузории Форс, даргириҳои рӯзи душанбеи мухолифон ва мувофиқони қонуни ҷанҷолии эътои тобеияти ҳиндӣ ба афроди ғайримусалмон, ҳамзамон шудааст бо ҳузури Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Ҳайдарободи Ҳиндустон.
Дар эътирозоти дирӯз, душанбе дар Деҳлии Нав, илова бар ҳазорон мухолифи ин тарҳи ҷанҷолӣ, мувофиқони он ҳам ҳузур доштанд ва нерӯҳои пулис ба рағми истифода аз гази ашковар ва норинҷакҳои дудзо, натавонистанд даргириҳоро мудирият кунанд.
Ба гуфтаи шоҳидон, нерӯҳои низомии Ҳиндустон бо ҳамла ба мӯътаризон шумори зиёдеро низ дастгир карданд.
Эътирозкунандагон таъкид карданд, ки давлати Ҳиндустон чорае ҷуз лағви ни қонун надорад ва то замоне, ки ин қонунро лағв накунад, эътирозот идома хоҳад дошт.