Ҳушдори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи идомаи шуюи коронавирус дар тобистон
(last modified Sat, 07 Mar 2020 13:32:34 GMT )
Март 07, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи идомаи шуюи коронавирус дар тобистон

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, коронавирус мумкин аст дар тобистон аз байн наравад.

Ба нақл аз ИРНО, Майкел Раян, мудири иҷроии барномаи фавриятҳои беҳдоштии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар Женева ҳушдор дод, ҳамаи кишварҳо бояд решакан кардани коронавирусро дар авлавияти нахусти худ қарор диҳанд, зеро ҳеҷгуна шавоҳиде мабнӣ бар нобудии ин вирус дар тобистон дар даст нест.

Раян бо баёни ин ки амалкарди коронавирус дар шароити обу ҳавоии мутафовит ношинохтааст аз ҳамаи кишварҳо хост, ки мунтазири поёни табиии ин вирус набошанд.

Ин мақоми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин аз афзоиши теъдоди мавориди нав дар кишварҳои камдаромад, ки шабакаи пизишкӣ ва дармонии заъифе доранд ибрози нигаронии шадид кард.

Изҳороти ин мақоми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар шроитест, ки мавориди ибтило ба коронавирус дар саросари ҷаҳон аз марзи 100 ҳазор нафар гузаштааст ва ҳудуди 3500 нафар дар саросари ҷаҳон бар асари бемории бархоста аз ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.