Изъони пулиси Ҳиндустон ба амалкарди номуносиби пулиси Деҳлӣ
Вазорати кишвари Ҳиндустон дар гузорише, пулиси Деҳлии Навро муқассири аслии фоҷеаи куштори мусалмонони ин кишвар муаррифӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, дар гузориши Вазорати кишвари Ҳиндустон омадааст: Пулиси пойтахт яке аз мқассирони аслӣ дар ҳодисаи куштори мусалмонон дар Деҳлии Нав аст, ки натавониста бамавқеъ ва ба андозаи кофӣ шароитро назорат карда ва монеъ аз ворид шудани осебҳои ҷиддӣ ба амволи мусалмонон шавад.
Дар идомаи ин гузориш, Вазорати кишвари Ҳиндустон бо бетаҷриба хондани раиси пулиси пойтахти ин кишвар эълом кард, ки ин фармондеҳи ҷадид бо камкории худ дар анҷоми вазифаи аслӣ, натавонистааст иқдоми шоиста ва бамавқеъ сурат диҳад.
Бар асари хушунатҳои ваҳшиёнаи даҳ рӯзи ахири ҳиндуҳои ифротӣ алайҳи мусалмонони Ҳиндустон, ҳудуди 50 нафар куштаву садҳо тани дигар низ маҷрӯҳ шуданд.