Карантини комили Италия ба иллати шуюи коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51667-Карантини_комили_Италия_ба_иллати_шуюи_коронавирус
Италия ба иллати шуюи коронавирус комил карантин шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 10, 2020 15:39 Asia/Dushanbe
  • Карантини комили Италия ба иллати шуюи коронавирус

Италия ба иллати шуюи коронавирус комил карантин шуд.

Нахуствазири Италия бомдоди рӯзи сешанбе бо таваҷҷуҳ ба суръати шуюи коронавирус ҳавзаи маҳдудияти контроли ин вируси кушандаро ба кулли Италия густариш дод.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо афзоиши ашхоси мубталошуда ба коронавирус ба беш аз 9 ҳазор нафар дар Италия, Ҷузеппе Конте дар паёме фаврӣ дар Твиттер навишт, минтақаи маҳдудият ба кулли минтақаҳои кишвар густариш хоҳад ёфт ва дигар танҳо шомили минтақаи шимолии Италия нахоҳад буд.

Конте аз италияиҳо хост, ки дар хона бимонанд; то бо як кори муштарак нақши худро барои мубориза бо коронавирус ифо кунанд.

То поёни рӯзи душанбе теъдоди касоне, ки дар Италия бар асари коронавирус ҷони худро аз даст додаанд ба 463 нафар расид. Суръати рушди ин вирус дар Италия дар ҳоли афзоиш аст.

Баъд аз Италия, дигар кишварҳои аврупоӣ ҳам бо суръат дар ҳоли сабти мавориде аз мушоҳидаи коронавирус ҳастанд.

Коронавирус, ки расман Ковид-19 ном дорад, нахустин бор дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ваҳшӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 100 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 111 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 62 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва ҳудуди 3800 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.