Лағви тазоҳуроти бозгашт дар Ғаззаҳ ба хотири шуюи Корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52202-Лағви_тазоҳуроти_бозгашт_дар_Ғаззаҳ_ба_хотири_шуюи_Корона
Тазоҳуроти бозгашт дар Ғаззаҳ ба хотири шуюи Корона лағв шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 29, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
  • Лағви тазоҳуроти бозгашт дар Ғаззаҳ ба хотири шуюи Корона

Тазоҳуроти бозгашт дар Ғаззаҳ ба хотири шуюи Корона лағв шуд.

Ба нақл аз Исна, ҳайати баргузоркунандаи тазоҳуроти бозгашт ва шикастани муҳосира аз лағви тазоҳурот рӯзи 30 март ба муносибати солгашти замин ва дуввумин солрӯзи оғози тазоҳуроти бузурги бозгашт дар марзҳои Ғаззаҳ ба хотири шуюи вируси Корона хабар дод.

Ба гузориши Исно, ин ҳайат дар баёнияе таъкид кард, ки рӯзи душанбе канфуронси хабарӣ дар шарқи Ғазза бидуни ҳузур ва таҷаммуи марудум баргузор хоҳад кард.

Дар ин баёния омадааст, ки ба манзури ҳифзи саломати шаҳрвандон аз тамоми сокинони навори Ғазза мехоҳем рӯзи 30 март роҳии навоҳии марзӣ нашуда ва дар хонаҳои худ бимонанд ва ба дастуруламалҳои беҳдоштӣ ва пешгирона барои муқобила бо вируси Корона побанд бошанд.