Апрел 08, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
  • Таваллуди Корона ва COVID дар Ҳиндустон

Завҷе дар яке аз иёлатҳои Ҳиндустон дугоникҳои навзоди худро ба Корона ва COVID номиданд.

Ба нақл аз Спутник, ин завҷи ҳиндӣ писари худро COVID ва духтарашонро Корона номиданд.

Ин дугоникҳо дар шароити сахти карантини ношӣ аз хурӯҷи коронавирус ва дар шароите ба дунё омаданд, ки рафту омад дар шаҳр мамнӯъ буд ва пулис танҳо замоне, ки вазъияти занро дид ба онҳо иҷозаи ҳаракат дод.

Падару модари дугоникҳо замоне тасмим гирифтанд ин номҳоро рӯи бачаҳояшон гузоранд, ки коркунони бемористон ба шӯхӣ ду навзодро Корона ва COVID садо карданд.

 

Барчасп