Апрел 09, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Нотавонии давлати Амрико  барои муқобила бо “вируси корона”

Маҷаллоти амрикоӣ дар гузоришҳои худ, ба нотавонии давлати Амрико барои муқобила бо "вируси корона" ва буҳронҳои дигар ишора карданд.

Дар мақолаи маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” омадааст, буҳрони ҳамагирии вируси корона нишондиҳандаи шиканандагии шадиди сохтори густурдаи амнияти миллии Амрико  ва шуюи он, нишондиҳандаи сохтори тухолӣ аст.

Дар ин матлаб омадааст, сомонаи амалиётии амнияти миллии Амрико барои муқобила бо чолише дар қарни 21 дар абъоди вируси корона, аслан омода набуд ва дурӯғгуиҳо ва сардаргумии бюрократизм дар Амрико  сабаб шуд то иёлатҳо дар ин кишвар натавонанд посухгӯи мардум бошанд ва мардум дар остонаи фурӯпошии равонӣ қарор гиранд.

Пойгоҳи интернетии нашрияи Атлантик, низ дар мақолае Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро дар буҳрони шуюи корона ва паёмади он, муқассир донист.

Оморҳо нишон медиҳад, беш аз 435 ҳазор амрикоӣ ба вируси корона мубтало шудаанд ва ҳудуди 14 ҳазору 800 нафар низ фавт кардаанд.

 

Барчасп