Май 07, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шадиди ноамнии ғизоӣ дар Амрико дар пайи густариши корона

Тибқи таҳқиқоти як андешакадаи амрикоӣ, бо густариши вируси корона ва бурузи буҳрони иқтисодӣ ноамнии ғизоӣ дар миёни хонаворҳои Амрико бо суръати бисёр болое афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии "US News", натоиҷи таҳқиқот ва таҳлилҳои авохири моҳи апрели Муассисаи таҳқиқотии "Брукингз" нишон медиҳад, ки як нафар аз ҳар панҷ кӯдак дар Амрико дар даврони густариши вируси корона ва дар пайи буҳрони иқтисодии ношӣ аз он тавоноии таҳияи ғизои кофиро надоштанд. Таҳлилҳои андешакадаи “Брукингз” ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки омор ва арқоми ироашуда дар бораи ноамнии ғизоӣ дар миёни хонаворҳои амрикоӣ дар даврони густариши вируси корона дар Амрико ба мизони бесобиқае афзоиш ёфта ва беш аз се баробари омору арқоми соли 2008 дар бораи мувоҷиҳаи ин кишвар бо бузургтарин рукуди иқтисодӣ аст.

Бар асоси гузориши ин муассисаи таҳқиқотӣ, афроде, ки дар миёни хонаворҳои амрикоӣ бо фарзандони зери 12 сол ноамнии ғизоиро дар даврони густариши вируси корона таҷриба карданд, ба беш аз 40 дарсад афзоиш ёфтаанд, ки дар муқоиса бо омори соли 2018 афзоиши 25-дарсадӣ дошта ва ду баробари омори марбут ба соли 2008 аст.

Амрико бо як миллиону 263 ҳазору 224 мубтало ба корона ва 74 ҳазору 809 фавти ношӣ аз ибтило ба ин вирус ҳудуди як савум аз омори ҷаҳонии ибтило ба бемории КОВИД-19-ро ба худ ихтисос дода ва дар садри кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.

 

Барчасп