Қундуз ором аст, поксозӣ идома дорад
Октябр 04, 2016 20:23 Asia/Dushanbe
Ҳамлаи аъзои Толибон ба шаҳри Қундуз дафъ шудааст, аммо ҳануз теъдоде аз ин шибҳнизомиён дар шаҳр махфӣ ҳастанд ва амалиёти поксозӣ дар шаҳр идома дорад.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, генерал Муҳаммад Қосими Ҷангалбоғ, раиси полиси Қундуз гуфтааст: "Бо кумаки нерӯҳои вижа, шаби гузашта охирин амалиётро оғоз кардем ва маркази шаҳр поксозӣ шуд".
Ин мақоми афғон гуфт: "Набардҳо ҳануз дар ҳумаи шаҳр идома дорад ва ҳудуди сад нафар аз аъзои Толибон кушта шуданд".
Ҳамкорамон Маҳмуд Ободӣ аз Кобул гузориш медиҳад.