Вуруди вазири кишвари Туркия ба Идлиби Сурия
Июн 08, 2020 20:36 Asia/Dushanbe
Вазири кишвари Туркия бо ҳадафи боздид аз мақарри низомиёни ин кишвар вориди хоки Сурия дар шимоли шарқи ин кишвар шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, вазири кишвари Туркия Сулаймон Сойлу дар иқдомоти таҳрикомез ва бидуни иттилои давлати Сурия барои дуввумин бор вориди шаҳри Идлиб дар шимоли Сурия шудааст.
Расонаҳои Туркия гузориш доданд,ки Сойлу аз мақарри фармондеҳии низомиёни ин кишвар ва маҳалли истиқрори паноҳҷӯёни Сурия дар Идлиб боздид кардааст.
Вазири кишвари Туркия пештар ҳам бидуни иҷозати давлати Сурия ба ҳамроҳи ду муовини худ аз гузаргоҳи марзии "Рой" вориди хоки Сурия шуда буд.
Таҷовузи артиши Туркия ба шимоли Сурия бо маҳкумияти мардум ва давлати Сурия ва ҳамчунин чомеаи чаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.