Иттиҳоми мақомҳои хориҷӣ ба Туркия дар бораи масҷиди Айя-София
Таниш миёни Туркия ва Юнон бар сари масҷиди таърихии Айя-София бори дигар боло гирифтааст.
Ин нахустин бор нест, ки мавзӯи корбарӣ ва наҳваи истифода аз масҷиди таърихии Айя-София дар Истамбули Туркия, ба ташдиди ихтилофҳои Туркия ва Юнон мунҷар мешавад. Нуктаи қобили тааммул дар ин замина, талоши Юнон барои тасавияҳисоб бо Туркия аст.
Бояд гуфт, дар миён тамоми кишварҳое, ки аз адёни илоҳӣ бавижа масҳияти пайравӣ мекунанд, бидуни шак, Юнон дар хатти муқаддами даргирӣ ва таниш бо Туркия қарор дорад. Дар ҳақиқат, чунин баназар мерасад, ки Юнон дар канори ихтилофҳои мутааддиди худ бо Туркия, талош мекунад, аз ин мавзӯъ низ ҷиҳати аҳдоф худ алайҳи Туркия баҳрабардорӣ намояд.
Воқеият он аст, маконе, ки имрӯза бо унвони масҷид ё мӯзеи Айя-София хонда мешавад, замоне калисо ва маҳалли ибодати масеҳиён маҳсуб мешуд. Дар даврони ҳокимияти Усмонӣ, ба унвони масҷид мавриди таваҷҷӯҳи подшоҳони ин императори қарор гирифта буд ва рӯзгоре низ ба мӯзе табдил шудааст. Аммо ба назар мерасад оқои Эрдуғон қасд дорад корбарии масҷид барои Айя-Софияро бори дигар ба ин макон бозгардонад.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар вокуниш ба изҳороти ахири мақомҳои давлати Юнон дар бораи пойгоҳи масҷиди таърихии Айя-София, гуфт: Ҳеҷ кас ҳаққи дахолат дар умури дохилии Туркияро надорад.
Эрдуғон дар маросими оғози сохти масҷиде дар минтақаи Лунти Истамбул , гуфт: Анкара иттиҳомҳоеро, ки дар хусуси масҷиди Айя-София алайҳи Туркия матраҳ мешавад, таҳоҷум ба ҳаққи ҳокимияти миллии Туркия талаққӣ мекунад.
Пеш аз ин, илова бар давлати Юнон, раҳбари масеҳиёни ортодокси ҷаҳон низ дар паёме хитоб ба Эрдуғон, аз вай хоста буд аз тасмимаш барои тағйири корбарии масҷиди Айя-София мунсариф шавад. Ба рағми ин изҳорот, ки умдатан" талош ба манзури қарор додани Туркия дар тангно аст, Эрдуғон гуфтааст: Дар Туркия 435 калисо ва каниса вуҷуд дорад ва ҳамон гуна, ки Туркия дар умури дохилии кишварҳои дигар дахолат намекунад, касе ҳаққ надорад дар умури ибодатгоҳҳои Туркия дахолат кунад.
Дар ҳамин иртибот бояд гуфт, давлати Туркия бо ифои нақш дар умури масҷиди таърихии Айя-София дар пвйи он аст, ки мушкилоти худро бо Ғарб дар масоили дохилӣ, ҳал кунад ва зимни додани имтиёз, имтиёзи мутақобиле аз Ғарб дарёфт кунад. Давлати Анкара ин мавзӯро токунун дар бисёре аз заминаҳо дар равобит бо Аврупо таҷруба кардааст. Дар муқобил Юнон бо тарҳи иттиҳомҳои мутааддид алайҳи Туркия, талош мекунад нақши Аврупоро дар умури дохилии Туркия барҷастатар созад.
Танишҳои дипломатӣ миёни Туркия ва Юнон дар пайи интиқоди Афина аз баргузории маросими қироати Қуръон дар масҷиди Айя-София воқеъ дар Истамбул шиддат гирифтааст. Афина муддаӣ аст, баргузории маросими динӣ дар масҷиди таърихии маъруфи Айя-Софияи Туркия бо Конвенсияи ЮНЕСКО мабни бар ҳифозат аз маконҳои таърихӣ таноқуз дорад. Дар муқобил, вазорати умури хориҷаи Туркия бо радди иттиҳомҳои Юнон, талош кардааст то таваҷҷуҳотро ба тахриби масоҷид дар Афина маътуф сохта ва вокуниши муносибе ба Юнон ироа диҳад.
Дар ин миён бояд гуфт, дар ҳоле, ки бар асоси тавофуқҳои давлатҳои пешини ҳоким бар Анкара бисёре аз имконоти Туркияро бо давлатҳои бегона ба иштирок гузошта шудааст, ба назар мерасад давлати оқои Эрдуғон талош мекунад ба баҳонаҳои мухталиф ҳокимияти миллии худро бар саросари Туркия эъмол кунад.