Июл 08, 2020 13:53 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи Бйден барои бозгардондани Амрико ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ

Номзади аслии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Америко бозгашти ин кишвар ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ваъда дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷо Бойден бомдоди чаҳоршанбе дар паёме тавиттерӣ бо интиқод аз сиёсатҳои Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико дар даврони ҳамагирии вируси корона навишт: Дар аввалин рӯзи кории худ ба унвони раиси ҷумҳурӣ баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, Вашингтонро ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бар мегардонам.

Боб Менендез- узви баландпояи Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико рӯзи сешанбе дар Твиттер навишт: Трамп  тайи ёддоште ба конгира эълом карда, ки ба таври расмӣ ин кишварро аз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  хориҷ кардааст.

Менендез ҳамчунин бо интиқод аз ин иқдоми давлати Трамп таъкид кард, хориҷ шудани Амрико аз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз ҷони амрикоиҳо муҳофизат намекунад балки онҳоро бештар ба хатар меандозад.

Давлати Трамп Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ба пинҳонкорӣ дар бораи шуйюи вируси  корона муттаҳам кардааст.

Амрико аз назари мизони мубтало шудан ва теъдоди ҷонбохтагони КОВИД-19 дар садри кишварҳои ҷаҳон аст.