Пентагон: Сарбозони Афғонистон дар Амрико нопадид шудаанд
(last modified Thu, 06 Oct 2016 14:17:58 GMT )
Октябр 06, 2016 19:17 Asia/Dushanbe
  • Пентагон: Сарбозони Афғонистон дар Амрико нопадид шудаанд

Манобеи огоҳ дар Вазорати дифои Амрико (Петагон) эълом карданд, 44 сарбози пиёданизоми Афғонистон, ки бо ҳадафи касби омӯзишҳои низомӣ ба ин кишвар сафар карда буданд, нопадид шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, мақомоти Вазорати дифои Амрико эълом кардаанд, ин афрод, ки дар ду соли гузашта бо ҳадафи касби омӯзишҳои низомӣ ба ин кишвар сафар карда буданд, нопадид шудаанд ва ҳеҷ нишоне аз онон дар даст нест.

Гуфта мешавад, ин сарбозон бидуни касби иҷоза аз фармондаҳони худ пойгоҳи омӯзиширо тарк кардаанд. Бар асоси эъломи Петагон, ин сарбозон, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Афғонистон будаанд, ба дунболи иқомату кор аз масири ғайриқонунӣ дар Амрико будаанд.

Хабаргузории "Ройтерз" бо ишора ба омӯзиши ҳудуди ду 2200 сарбози афғон аз сӯйи Амрико аз соли 2007 то кунун тасреҳ кардааст, нопадид шудани ин 44 нафар пурсишҳоеро дар бораи амният ва фароянди бозрасӣ аз ин афрод барои вуруд ба Амрико матраҳ кардааст. Бар асоси ин гузориш, Ҳукумати Амрико барои наҷоти худ аз ҷанги 15-сола дар Афғонистон миллиардҳо долларро барои омӯзиши нерӯҳои афғон сарф кардааст.