Июл 26, 2020 08:18 Asia/Dushanbe
  • Вижагии ваксинаи коронаи донишгоҳи Оксфорд

Донишгоҳи Оксфорди Англис дар ҳоли таҳияи ваксина барои КОВИД-19 аст, ки битавонад ба бадани инсон мубориза бо вируси коронаро биёмӯзад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, тарбияти системи эминии бадан, маъмурияти ваксинаи коронаи донишгоҳи Оксфорд аст ва ин ваксина бо шабеҳсозии вируси корона, баданро тарбият мекунад то равиши мубориза бо вирусро биёмӯзад.

Натиҷаҳои озмоишҳо нишон додааст тазриқи ин ваксина тавлиди подтани бештар ва афзоиши теъдоди нигаҳбонони эминии бадан яъне гулбулҳои сафеди хун ва ба хусус ланфуситҳои T мешавад, ки нақши таъйинкунандае дар дастгоҳи эминии бадан дорад.

Мутахассисони муҳандисии генетик ин ваксинаро бо дасткории генетики вируси зукоми шимпанзаҳо сохтаанд.

124 навъ ваксинаи корона дар сартосари ҷаҳон, марҳилаҳои озмоиш ва тавлидро тай мекунад, ки 10 мавриди онҳо ба марҳилаи озмоиши инсонӣ расидааст.

Ваксинаи донишгоҳи Оксфорд то кунун ба як ҳазору 77 нафар тазриқ шуда ва натиҷаҳои умедворкунандаеро нишон додааст ба тавре, ки бино бар эъломи расонаҳои англисӣ, давлати ин кишвар пешопеш сад миллион доза аз ин ваксинаро сифориш додааст.