Июл 28, 2020 16:34 Asia/Dushanbe
  • Нақши Исроил дар шаҳодати сарбозони озарӣ

Дар шароите,ки даргириҳо дар хутути тамос миёни низоми неруҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳамчунон идома дорад , бархе маҳфилҳои хабарӣ ва сиёсӣ , шаҳодати сарбозони олирутбаи ҷумҳурии Озарбойҷонро натиҷаи хиёнати режими Саҳюнистӣ ба давлати Илҳом Алиев донистаанд.

Илова бар маҳфилҳои сиёсӣ , бархе эътирофоти мунташиршуда дар нашрёти Исроил ҳоки аз хиёнати ин режими нажодпараст ба манофеи миллии ҷумҳурии Озарбойҷон аст. Дар ҳамин иртибот ба унвони мисол метавон мақолаи мунташиршудаи ахир дар рӯзномаи   The Jerusalem Post  ишора кард. Дар ин рӯзномаи  саҳюнистӣ бо интишори мақолае , ба қалами  Алекс Галитский бо унвони Исроил бояд бояд дар равобити худ бо ҷумҳурии Озарбойҷон бознигарӣ кунад, навишт Ҷумҳурии Озарбойҷон як диктотури бар пояи долларҳои нефтӣ аст,ки барои беш аз ним қарн таҳти шокимияти як хонавода қарор дорад ва чизе беш аз ин нест.

Метишори ин мақола нишон медиҳад ,ки режими аҳюнистӣ барои ҳамкори бо Арманистон дар паи тавҷияи далоили хусумат бо ҷумҳурии Озарбойҷон аст. Ин нахустин бор нест ,ки режими ишғолгари Қудс бо интишори мақолаҳои ҳидоятшуда аз суи ҳокимияти Исроил ба таҳдиди ҷумҳурии Озарбойҷон иқдом мекунад. Дар воқеъ, ин таҳдидҳо ба таври зимни нишон диҳандаи вобастагии давлати Илҳом Алиев ба таслиҳоти исроилӣ ва нуфузи ин режими нажодрапараст дар сохтори низомӣ , мудириятӣ ва санат иртибототи ҷумҳурии Озарбойҷон аст. Бар касе пушида нест ,ки даргириҳои моҳи июл миёни неруҳои низомии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Товвуз , як пирӯзӣ барои давлати Никол Пашинян дар Арманистон аст . Дар ҳақиқат , нахуствазири Арманистон ,ки дар дохил таҳти фишорҳои ҳизбҳои мухолиф ва бахше аз ҷрмиаи Арманистон қарор дошт , бо натиҷаҳои ин ҷанг, имкони сокит кардани мухолифони худро дар дохил ба даст хоҳад овард.  Дар айни ҳол ,ки бо кушта шудани ду тан аз фармондеҳони баландпояи артиши Озарбойҷон оғоз шуд, ба наве талофии шикасти Арманистон дар даргириҳои моҳи апрелт соли 2016 милодӣ будааст. Ба иборати дигар , режими Саҳюнистӣ бо эҷоди як ҷанги кантролшуда дар минтақаи Қафқоз, талош кардааст ба тарафҳои мутахосим паёмҳои мутаададе бидиҳад ,ки таҳдиди Озарбойҷонро бояд муҳимтарин паёми ин режими нажодпараст қаламдод кард.

Дар маҷму бояд гуфт ,даргириҳои моҳи ҷории милодӣ дар хутути тамоси неруҳои озарӣ ва арманӣ яке аз талхтарин таҷрибаҳои Озарбойҷон дар таърихи ин ҷанг дар оянда хоҳад буд. Ҷанге ,ки дар ҷараёни он , як генерал ва як сарҳанги артиши Озарбойҷон ҷонбохтаанд заминаҳои ташқири давлати Бокуро фароҳам карданд .  Дар айни ҳол ,дар ин ҷанг мушахас шуд ,ки силоҳҳои харидоришудаи артиши ҷумҳурии Озарбойҷон аз режими Саҳюнистӣ , фоқиди короиҳое будааст ,ки бархе мақомҳои давлати Илҳом Алиев ва мақомҳои баландпояи низомии артиши ҷумҳурии Озарбойҷон пештар иддаои онҳоро матраҳ мекарданд.

Барчасп