Комил шудани тести болинии ваксинаи корона
Вазири тандурустии Русия ; тести болинии ваксинаи корона комил шуд.
Ба нақл аз Форс, Михаил Мурашков вазири тандурустии Русия гуфт ,ки тести болинии ваксинаи Кувиди -19 ,ки тавассути муасисаи Гамалия тавлид шуда ,комил шудааст.
Вай ,ки дар маҷмаъи хабарнигорон суҳбат мекард , дар посух ба суоле дар ин бора ,ки оё озмоиши болинии ваксина такмил шуда , гуфт; ваксинаи корона ,ки тавассути муасисаи Гамалия тавсиа ёфта ,тести болинии худро комил кардааст.
Мурашков дар идома гуфт ; мо интизор дорем,ки таи як моҳу ним то ду моҳи оянда ду дархости дигар барои иҷозати тестҳои болинии ( ваксинаҳои дигар ) дошта бошем.
Ҳамчунин Вазорати дифои Русия рӯзи душанбе эълон кард ,ки баррасии довталабоне ,ки ваксинаи русии коронаро дарёфт кардаанд ҳоки аз он аст ,ки ба иймании комил дар баробари вируси корона даст ёфтаанд.
Интизор меравад тавлиди серёлии аввалин ваксинаи тавили Русия ,ки тавассути маркази таҳқиқоти миллии эпидемиологӣ ва микробиологии Gamaleya Гамалия тавлид шуда , дар моҳи сентиябр оғоз шавад.