Зариф: Таслеҳоти атомии Амрикову Исроил минтақаи моро таҳдид мекунад
(last modified Fri, 07 Aug 2020 14:48:10 GMT )
Август 07, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таслеҳоти атомии Амрикову Исроил минтақаи моро таҳдид мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар солрӯзи ҷинояти бомбаборони атомии Ҳирошима тавассути Амрико дар ҷанги ҷаҳонии дувум, хоҳони поён ёфтани кобуси атомии ҷаҳон шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе ба муносибати ҳафтодупанҷумин солрӯзи ҳамлаи атомии Амрико ба шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон дар вопасини рӯзҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум, дар твитте навишт: 75 соли пеш дар чунин рӯзе, Амрико ба бадномии аввалин ва танҳо истифодакунанда аз таслеҳоти атомӣ расид, ки алайҳи бегуноҳон истифода шуд.

Зариф бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ яке аз бузургтарин дорандагони таслеҳоти атомӣ дар минтақаи Ғарби Осиё аст, таъкид кард, имрӯз таслеҳоти атомии Амрико ва Исроил минтақаи моро таҳдид мекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон сипас бо дархост барои поён додани ҷаҳониён ба тавлиду анбошти таслеҳоти атомӣ тасреҳ кард, поён ёфтани кобуси атомӣ ва докторинаи “нобудии ҳатмии тарафайн” муддати зиёде аст, ки ба таъхир афтодааст.