Август 16, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Лукашенко аз Путин ваъдаи кӯмак гирифт

Раиси Ҷумҳури Беларус гуфт, ки ҳамтои русаш бо дархости вай барои кӯмаки амниятӣ ба Минск дар сурати ниёз, мувофиқат кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интернетии раёсати Ҷумҳурии Беларус, Александр Лукашенко рӯзи шанбе пас аз гуфгӯи телефонӣ бо Владимир Путин раисҷумҳури  Русия, дар ҷаласаи мудирияти роҳбурдии Вазорат дифои Беларус гуфт: Русия дар сурати таҳдиди хориҷии амниятӣ барои Беларус ба ин кишвар кӯмак хоҳад кард. 
 
Ба гуфтаи Раиси Ҷумҳурии Беларус, байни вай ва Путин тавофуқ ба даст омадааст, ки бо нахустин дархости Минск барои кӯмак ба ҳифзи амният, Москва иқдом кунад. 
 
 Раиси Ҷумҳурии Беларус ҳамчунин эътисоби коргарон дар бархе марокизи иқтисодии Беларус ва эътирозҳои ононро "ханҷар аз пушт" тавсиф кард. 
 
 Пеш аз гуфтугӯи Лукашенко бо Путин, Беларус 33 шаҳрванди боздоштшудаи  Русияро озод кард. 
 
 Боздошти ин афрод равобити Москва ва Минскро дар рӯзҳои ахир тира карда буд. 
 
 Авзои Беларус дар рӯзҳои ахир пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар ва эъломи пирӯзии дубораи Лукошенко бо касби 80 дар сад овоз, ноором аст. 
 
 Мухолифони Лукашенко дар як ҳафтаи ахир чандин бор дар Минск ва чанд шаҳри дигар эътирозоти хиёбонӣ баргузор карда ва бо неруҳои амнияти Беларус даргир шудаанд, ки дар натиҷа токунун як нафар кушта ва шаш ҳазор нафари дигар дастгир шудаанд. 
 
 Дар ҳамин ҳол неруҳои мухолифи давлати Беларус ба раҳбарии Светлана Тихоновская номзади шикаст хӯрдаи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Беларус рӯз шанбе шӯрои ҳамоҳангӣ барои интиқоли қудрат ташкил доданд.
 
 Иттиҳодияи Аврупо низ дар ҳоли баррасии имкони иҷрои таҳримҳои ҷадид алайҳи Беларус аст.

Барчасп