Хатари марги корона коҳиш меёбад
"Мутатсия дар вируси корона дар баробари афзоиш додани қудрати эпидемиявӣ хатари маргро коҳиш дод", гуфт доктор Павел Тамбия, мушовири калони Донишгоҳи миллии Сингапур.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Тамбия, ки раиси ояндаи Анҷумани байналмилалии бемориҳои вогирдори мустақар дар Амрико хоҳад буд афзуд: нусхаи ҷаҳиши ёфтаи корона мавсум ба D614G дар Сингапур низ дида шудааст.
Вай ба унвони пизишки барҷастаи бемориҳои вогирдор гуфт: шояд гунаи ҷаҳишёфтаи вируси корона, ки бештар дар Аврупо мушоҳида ва ахиран дар Малайзия низ радгирӣ шудааст, вогирдортар бошад, аммо хатари марги беморони мубтало ба он камтар аст.
Вазорати беҳдошти Сингапур токунун дар ин замина изҳори назар накардааст.
Тамбия афзуд: шавоҳиде мавҷуд аст, ки ҳамзамон бо интишори гунаи ҷаҳишёфтаи ин вирус дар қораи Аврупо, нархи маргу мири ноши аз он коҳиш ёфта, ки нишонгари камтар шудани хатари маргу мир ин гуна аст.
Ба назари Тамбия ва бар хилофи ҳушдорҳои дигари коршиносони саломат ва беҳдошт, ҳанӯз наметавон дар бораи мизони асарпазирии воксани эҳтимолии корона бар вируси ҷаҳишёфта дақиқ сухан гуфт.
Доктор Тамбия афзуд: маъмулан мизони хатари бештари вирусҳо пас аз ҷаҳиш ёфтан коҳиш меёбад. Зеро ба нафъи вирус аст, ки дар канори мубтало кардани афроди бештаре, шумори камтаре аз мубталоёнро ба коми марг бифиристад ва идомаи зиндагии худи вирус барои тағзия ва паноҳгоҳ ба мизбон вобастааст.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ эълом кардааст, ки донишмандон гунаи ҷаҳишёфта (мутатсия) аз вируси коронаро дар ҳудуди моҳи феврал кашф кардаанд, ки дар Аврупо ва Амрико мунташир шудааст ва шавоҳиде, ки нишон диҳад бемории ноши аз ин вирус шадидтар бошад, ёфт нашудааст.